Бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2024, дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро табрику таҳният гуфтанд.
Носирзода Ҷаббор ва Сурайё Дӯстмуродзода зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Қабули Конститутсия дар таърихи навини халқи тоҷик аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсози миллат маҳсуб ёфта, дар он тамоми самтҳои ҳуқуқии дохилию хориҷии давлат мухтасаран дарҷ гардидааст ва сохти давлатдорӣ, низоми ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, муайян кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда таъкид доштанд, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард.
Ҳамзамон, нотиқон афзуданд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудааст. Дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо боз бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд ва маҳз чунин низомро Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Қонунҳои миллии кишвар – қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, «Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ҳамин санади ҳуқуқӣ ба тавсиб расидааст, ки назираш дар қонунгузориҳои дигар кишварҳои олам кам ба назар мерасад.
Дар идомаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ як қатор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иҷрои рисолати касбӣ ва ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии ҷашнӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар ва Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов барномаи ҷолиби консертиро пешкаш карда, ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.