Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА АНДОЗАИ 50000 СОМОНӢ БА ИШТИРОКҶИЁНИ ҶБВ ТАҚДИМ ГАРДИД

7 майи соли равон раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба аёдат ва табрики иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор – Раҷаб Усмонов ва аз деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ – Карим Рашид рафта, ба онҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба андозаи 50 000 сомонӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва тӯҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро, ки 10000 сомонӣ аст, тақдим намуданд.
Раиси шаҳр ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 80-солагии Иди Ғалаба самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори ободу пурфайзу баракат ва дар фазои кишвари маҳбуб-Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонро таманно намуданд.
Дар навбати худ иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ ва хушнудӣ карда, бо дуову дуруд саломатии бардавом, хушбахтию саодатмандии оилавӣ, дар сиёсати созандаву ободкоронаю фаъолияти пурмасъули давлатии Роҳбари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Бо ташаббуси хонандагони Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ва муассисаи хусусии таҳсилотии “Нури Ирфон”, дар ҳавлии иштирокчиёни ҷанг чорабинии фарҳангӣ доир гардида, намунаҳо аз суруду оҳангҳои машҳури ватандӯстона дар солҳои ҶБВ ва имрӯз иҷро карда шуд.