Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТГОҲИ КӮДАКОНАИ “САРҲАДБОН” ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

21 июни соли 2025 дар дараи хушманзари Алмосӣ, соҳили рӯди Чангоб маросими оғози фаъолияти навбатии истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Саҳадбон” баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат дар саҳни истироҳатгоҳ баргузор карда шуд, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майёр Раҷабзода Муродалӣ, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд. Таъмини ҳуқуқ, ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо, ки яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар истироҳатгоҳи “Сарҳадбон” барои фароғат ва хотирмон гузаштани таътили тобистонаи наздик ба 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст, – афзуданд нотиқон. Кӯдакон дар баробари фароғат, ба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ фаро гирифта мешаванд ва худро рӯҳан обутоб дода, маънавиёти хешро таҳким мебахшанд, дӯстони нав пайдо менамоянд ва дар соли нави таҳсил бо неруи дучанд ба омӯзиши илму фан камар баста, оянда барои пешрафти бомуваффақияти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
Аз номи роҳбарияти истироҳатгоҳ, мураббиён ва истироҳаткунандагон ба роҳбарияти Фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори шаҳри Ҳисор ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои ташкили шароити хуб ҷиҳати фароғату истироҳати кӯдакон дар чунин як мавзеи назаррабо, изҳори сипосгузорӣ карданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ба як қатор мураббиҳо ва кӯдакони истироҳатгоҳ “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Роҳбарият ва меҳмонон бо шароитҳо дар ошхона, ҷойи хоб, маконҳои бозию фароғат ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ шинос шуда, барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ гузаронидани мавсими фароғати кӯдакон ба маъмурияти истироҳатгоҳ тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.
Ба муносибати ташрифи меҳмонон ва ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ кӯдакони истироҳатгоҳ барномаи рангини фарҳангиро иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона, пешкаш намуданд.