Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

26 июни соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё ва дигар фаъолони шаҳр бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, иштироксиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфт.
Носирзода Ҷаббор зимни суханронӣ аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баимзорасии Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии дохилӣ, баргардонидани беш аз як миллион гуреза аз хориҷ ва сарҷамъии миллат, таъмини амнияту субот ва обод гардидани мамлакат, баланд гардидани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Ҳамзамон, афзуд ки Ваҳдати миллати тоҷик зодаи Истиқлолияти давлатии ин халқи тамаддунофар ва куҳанбунёд буда, самараи ҷоннисорӣ ва ватандӯстиву фидокориҳои фарзандони фарзона ва халқи некманиши он бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз имтиҳони таърих гузаштаву пойдор мондааст. Моро зарур аст, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи роҳбарияти Олии кишвар муттаҳид шуда, аҳлона меҳнат намоем ва барои рушд ва шукуфоии диёрамон дучанд талош варзем.
Бо ифтихор зикр гардид, ки сокинону соҳибкорони шаҳр тасмим гирифтаанд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 1809 банд амалӣ намоянд. Бинобар, бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор дода, бахшида ба ҷашну маъракаҳои умумимиллӣ то ба имрӯз зиёда аз 1000 банди онро, ки аз зумраи корҳои ободониву ифтитоҳи иншоот маҳсуб меёбад, амалӣ намудаанд.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр вусъати тоза касб карда, ҳафтае, ки сипарӣ мегардад, ҳар рӯз идро мемонад. Чунки, сокинону соҳибкорони бананги диёр дар ин рӯзҳои фархундаи ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чандин иншооти муҳими таъйиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо ҳамин васила даҳҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода, ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум дар шаҳраку деҳот мусоидат намуданд.
Ба сокинону соҳибкорони шаҳр арзи сипоси самимӣ баён дошта афзуданд, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватану диёр аст, дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёту иҷтимоиёташ тадриҷан таҳким ёфта, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд менамояд.
Моро лозим аст, ваҳдат – ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро арҷ гузошта, ҳифз намоем ва ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи неки ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намоем, то тавонанд дар оянда ин гавҳари ноёбро пойдор нигоҳ доранд.
Носирзода Ҷаббор бо таманниёти нек суханони хешро ҷамъбаст карда, ба аҳли толор ва дар симои онҳо ба сокинони шаҳр саломатию тандурустӣ, рӯзгори обод, бахту саодат, зиндагии шоиста ва барои Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати поянда, рушди босуръат ва нуфузу эътибори баландро таманно намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳр, ки дар суботу оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳиссагузор ҳастанд, “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари зебоиҳои диёр барномаи рангини консертиро пешкаши аҳли нишаст карда, ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.