Субҳи имрӯз, 28 июн раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод, дар деҳаи Шопур бо иштироки пиру барнои ҷамоат ба маъракаи мумфаршкунии роҳи деҳаи мазкур оғози расмӣ бахшиданд.
Роҳбарияти шаҳр ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ бо дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини мумқирро рӯи роҳ пошида, орзуи онро карданд, ки роҳи мазкур бо сифати баланд таъмир шуда, ҳамчун пайвандгари дилҳо, солҳои дароз ба меҳмонону сокинони шаҳр хизмат намояд.
Носирзода Ҷаббор ба ташаббускорони иқдом-соҳибкорону сокинони деҳаи Шопур, ки дар пайравӣ ба корҳои созандаву ободонии Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти олии кишвар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ободонии диёр камар бастанд, изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, иқдоми онҳоро ҳидоятгари фарзандон дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву, дӯстдории ватан маънидод карда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзишманд ба ҳамдиёрон хонд.
Дар идомаи сафари корӣ, раиси шаҳр дар деҳаи Чуқураки деҳоти Навобод бо ҷараёни бетонпӯш кардани роҳи деҳа ва дар саҳрои ҶДММ “Ҳайдар Миров” бо рафти ҷамъоварии тухми пиёз ва чобуқи пахта шинос гардид.





