Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ШАҲР ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

30 июни соли равон таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Раёсати кишоварзӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ, инчунин кормандони масъули Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи навбатии назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласа, тибқи гузоришҳои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла қонуншиканиҳо аз қабили дуздӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, нашъамандӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир, расонидани зарари ҷисмонӣ, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, садамаҳои нақлиётӣ, оташсӯзӣ, бедарак шудан, монеъ шудан ба таҳсил ва ҳамин монанд қонуншиканиҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр аҳли толорро бо муҳтавои гузоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор дар се моҳаи дуюми соли 2025 ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинос карда, аз зиёд будани ҳолатҳои дуздӣ, ки аксарият аз ҷониби ноболиғон рух додааст, изҳори нигаронӣ кард.
Тибқи гузоришҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар се моҳи охири соли равон якчанд ҳолати дуздӣ, қалобӣ, тақаллубкорӣ, нашъаҷалобӣ ва паҳн кардани аксҳои ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки шаъну этибори занону духтаронро паст задааст, ҳамчунин ҳолатҳои ҳамкорӣ кардани бархе аз сокинони шаҳр бо гурӯҳҳои террористӣ-экстремистро ба қайд гирифта, омилони онҳо ошкор ва тибқи қонунҳои амалкунанда ҷазои сазовор гирифтаанд.
Барои пешгирӣ намудани шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуб ва ба ҷомеа хатарнок, роҳбари шаҳр масъулони шуъбаҳои идеологӣ дар шаҳр – шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, фарҳанг, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияи кор бо ноболиғонро вазифадор карда, барои таҳкими ҳамкориҳо бо Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи ҷаласа вазъи корҳои кишоварзӣ дар шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта масъулони соҳа оид ба рафти парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва меваю сабзавот ва содироти онҳо, шудгор ва кишти такрории зироатҳо пурсиш карда шуданд.
Муовини соҳавӣ оид ба корҳои кишоварзӣ, масъулони Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳо ҷойдошта, муваззав гардиданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин муовинони сарпараст дар самти идеологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сохтмону саноат оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои қаблӣ гузориш доданд.