Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

САРДХОНА ВА ГАРМХОНА ДАР ДЕҲАИ ҲУҶУМ

Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 22 апрели соли равон дар деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навобод бо сардхонаи хусусии сокини деҳа-соҳибкор Акмал Соҳибов шинос гардид.
Аснои боздид аз сардхона ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки сардхона бо ғунҷоиши 800 тонна маҳсулот дар як вақт фаъолият дошта, айни ҳол дар он сабзӣ захира карда шудааст, ки ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва пешгири аз болоравии нархи ин намуди маҳсулот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар шафати сардхона бо шароити ду гармхонаи соҳибкор, ки асосан дар онҳо лиму парвариш меёбад ошно гардид ва ба соҳибкор барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди кишоварзӣ ва иштироки фаъолона дар раванди таъмини амнияти озуқавории мамлакат, изҳори сипос намуд.