Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИДОМАИ ЭСТАФЕТАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР ДЕҲОТИ НАВОБОД

22 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод аз рафти мумфаршкунии роҳ дар деҳаҳои Себистон, Ойбош ва Файзбахш боздид намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки деҳоти Навобод дар корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф буда, давоми соли 2025 ва чор моҳи соли равон чандин иқдомҳои ободонию бунёдкориро, аз қабили мумфаршу бетонпӯш кардани роҳи деҳаҳои Лолагиву Обигармӣ, Ҳуҷуму Мавлонҷар, Чуқураку Шопур, Ситораву Ғӯриёт, Себистон ва Ойбошу Файзбахш, сохтмони бинои мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотӣ дар деҳаҳои Кӯҳон, Ситора, Чуқурак, Мавлонҷар, Навобод, Себистон, Лолагӣ даҳҳо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бунгоҳи тиббиву толорҳои варзиширо роҳандозӣ намуданд.
Роҳи мазкур, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ таъмиру мумфарш мегардад, зиёда аз 4 километрро дарбар гирифта, равуои сокинону меҳмонони деҳоти Навободро ба ҷамоат ва маркази шаҳр хеле осну роҳҳат менамояд.
Раиси шаҳр дар минтақаи интиҳои роҳ, ки мумфаршкуниаш имрӯз ба анҷом мерасад бо масъулини роҳсозӣ суҳбат карда, ба сифати кори онҳо баҳои баланд дод ва барои идомаи корҳо барору муваффақият таманно намуд.