БОЗДИД АЗ МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОКИ РӮДИ КОФАРНИҲОН
Субҳи рӯзи 12 май иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз соҳилҳои хавфноки рӯди Кофарниҳон, ки аз ҳудуди деҳаҳои Сумбула, Шерхонӣ, Кӯҳнабой, Равшан ва Боғ мегузарад боздид намуд. Дар Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №90-и деҳаи Шерхонӣ аз минтақае, ки бар асари боришоти рӯзҳои охир фурӯ рафтааст …

