Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: April 2024

ФУТБОЛ: ШОДМОН ВА САРОЙКАМАР – ҲИСОБ 0:0

Шоми 28 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, дар доираи мусобиқаҳои даври якуми лигаи якуми футболи Тоҷикистон, бозии дастаҳои “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баргузор гардид. Қабл аз оғози бозӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҳайати дастаи “Шодмон” шинос гардида, дар бозие, ки баргузор мегардид, барору комёбӣ таманно …

ФУТБОЛ: ШОДМОН ВА САРОЙКАМАР – ҲИСОБ 0:0 Read More »

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

27 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд» ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар маросими супоридани шаҳодатнома ва маблағи стипендия раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати …

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАКТАБ ДАР РУСТОИ МУЪМИНОБОДИ ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз, 23 апрел иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, дар ҳузури омӯзгорон ва шахсони муътабари деҳа, аз ҷумла роҳбари хоҷагии ба номи Латиф Муродов Баҳриддин Солеҳов, собиқадорони соҳибэҳтиром Сафаралӣ Усмонов, Шералӣ Каромов, Адҳам Хушматов, Музаффар Мирзоев дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, ба номи …

ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАКТАБ ДАР РУСТОИ МУЪМИНОБОДИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

БОЗДИД АЗ ИНШООТ ДАР ДЕҲОТИ АЛМОСӢ

Дар доираи баргузории рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пас аз анҷоми қабул,санаи 24 апрел аз як қатор иншооте, ки дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад, боздид намуд. Нахуст, дар деҳаи Ҳофизкада аз чоҳи амудӣ, ки тавассути он об аз чуқурии …

БОЗДИД АЗ ИНШООТ ДАР ДЕҲОТИ АЛМОСӢ Read More »

РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ АЛМОСӢ

24 апрели соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, деҳаи Ҳофизкадаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар ҳузури муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони дастгоҳи ҷамоат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ рӯзи қабули сайёри …

РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ АЛМОСӢ Read More »

ТУҲФА БА ОБОДКОРОНИ ШАҲР

Бо иқдоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дастгирии соҳибкорон Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соҳиби 4 адад мототсикли боркашонии тамғаи “Вахш”, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад, гардид. Мототсиклҳо аробаҳои дастие, ки то кунун аз ҷониби кормандони муассиса барои баровардани партовҳои хурд истифода мешуд, иваз карда, кори …

ТУҲФА БА ОБОДКОРОНИ ШАҲР Read More »

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар Фурудгоҳи байналмилалии …

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд Read More »

ОҒОЗИ ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲРАКИ ҲИСОР

Шоми имрӯз, 20 апрел бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор намояндагони Ситод оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба кӯчаи Ӯроқ Аловиддинов, қитъаи роҳҳое, ки таъмираш оғоз мегардид, ташриф оварданд Носирзода Ҷаббор аснои шиносоӣ бо корҳои таъмиру тармим дар роҳ …

ОҒОЗИ ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲРАКИ ҲИСОР Read More »

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, имрӯз дар деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Қабл аз оғози мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор Ба якчанд нафар собиқадорон ва ҷавонпаҳлавонон, ки дар рушди гӯштини миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, туҳфаҳои …

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »