Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Author name: Вебсайт

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ҲОШИЯИ МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7 январи соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони раёсатҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ҷаласаи васеи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки 29 декабр таҳти …

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ҲОШИЯИ МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Read More »

СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ РАИСОНИ ШӮРОҲОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 8 январи соли 2026 дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор семинари минтақавии раисони шӯроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб баргузор гардид. Қабл аз оғози семинар, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси …

СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ РАИСОНИ ШӮРОҲОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО ХИТЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

7 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки хизматчиёни даввлатӣ, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Ба кори семинар роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Изатулло Бобоев оғоз бахшида иштирокчиёнро бо мавзӯи баргузории семинар, ки бо мақсади таъмини иҷрои моддаҳои 7 ва 7/1-и …

СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО ХИТЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ Read More »

БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

5 январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони масъули ҷамоатҳи шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои рафти иҷрои бандҳои …

БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ Read More »

ВУСЪАТИ КОРҲОИ САҲРОӢ, ШУДГОР ВА КИШТИ ТИРАМОҲИИ ЗИРОАТҲО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии шаҳри Ҳисор шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳоро бо маслиҳату тавсияи олимон, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр шабонарӯзӣ ба роҳ монда, айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо муташаккилона ҷараён дорад. . Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, дар шаҳр 6771 гектар замини обӣ ва 3992 гектар заминҳои лалмӣ мавҷуд мебошад. …

ВУСЪАТИ КОРҲОИ САҲРОӢ, ШУДГОР ВА КИШТИ ТИРАМОҲИИ ЗИРОАТҲО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ҚАДРШИНОСИИ ВАРЗИШГАРОНИ МУВВАФАҚИ ШАҲР

31 декабри соли равон дар толори китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор, бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2026 бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин ҳамоиши варзишгарон доир гардид. Муовини раиси шаҳр аз дастовардҳои варзишгарони шаҳр дар риштаҳои гуногуни варзиш дар соли 2025 ёдовар шуда, онҳоро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба …

ҚАДРШИНОСИИ ВАРЗИШГАРОНИ МУВВАФАҚИ ШАҲР Read More »

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯҲОИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

31 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин ҷаласаи якҷояи комиссияҳои 35-солагии Истиқлолият ва ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, нахуст мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг – котиби комиссияи 35-солагии Истиқлолият Раҳмонзода Абдураҳмон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти …

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯҲОИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА Read More »

ШОМИ ФАРҲАНГИИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 31 декабри соли 2025 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, зиёиён ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр фарорасии Соли нави мелодии 2026 пуршукӯҳ таҷлил гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, меҳмонону сокинони шаҳрро ба …

ШОМИ ФАРҲАНГИИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МАРКАЗҲОИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Субҳи 30 декабр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, роҳбарони сохторҳои назорат дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ аз марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳо, таввақуфгоҳу терминали мусофирбарӣ дидан намуд. Аснои шиносоӣ бо тартибу низом ва нархи маҳсулот дар бозорҳо, …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МАРКАЗҲОИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ Read More »

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КӮДАКОНЕ, КИ ПАДАРУ МОДАРИ ХЕШ ГУМ КАРДААНД

30 декабри соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 50 нафар ятимонеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд бо парасторонашон ба ҳузур пазируфт. Роҳбари шаҳр онҳоро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, афзуд, ки тарбияи инсони солиму комил аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, парасторию дастгирии …

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КӮДАКОНЕ, КИ ПАДАРУ МОДАРИ ХЕШ ГУМ КАРДААНД Read More »