Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: May 2024

ҚАБУЛ ВА БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулони соҳаҳои дахлдор нафаронеро, ки ба қабули роҳбарияти шаҳр омада буданд, ба ҳузур пазируфт. Бештари муроҷиати шаҳрвандон барои …

ҚАБУЛ ВА БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН Read More »

ТУҲФАИ РАЁСАТИ МАТЛУБОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

3 майи соли равон сардори Раёсати ҷамъияти «Тоҷикматлубот» дар вилояти Хатлон Азизулло Соҳибов ва чанде аз соҳибкорон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус дар шаҳри Ҳисор, ки дар он асосан беморони полеомелит аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд, ташриф оварданд. Меҳмонони хатлониро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар ҳавлии муассиса пазироӣ намуда, ба …

ТУҲФАИ РАЁСАТИ МАТЛУБОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор ва ҷамбаст гардид. Дар чорабинии мазкур ҳунармандону санъаткорони шаҳри Ҳисор иштирок намуда, дастоварду дастранҷҳо ва барномаҳои фарҳангию консертии худро пешниҳоди ҳакамон ва сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» …

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Read More »

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ ОРИЁН

Субҳи имрӯз, дар бинои Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор рӯзи қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуд. Дар соати қабули шаҳрвандон муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва кормандони дастгоҳи ҷамоат, инчунин, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд. Ба роҳбари …

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ ОРИЁН Read More »

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БО СОҲИБКОРОН

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар ҳузури муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр бо соҳибкорон, аз ҷумла тоҷирону сохтмончиён ва саноатчиёну кишоварзон мулоқот намуд. Зикр гардид ки мулоқот бо мақсади таҳкими шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар …

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БО СОҲИБКОРОН Read More »

ҲОҶӢ АСАДУЛЛОИ 85-СОЛА ДАР ДЕҲАИ ТУТАКА МАКТАБ МЕСОЗАД

Ҳоҷӣ Асадулло Файзуллоев, сокини 85-солаи деҳаи Тутакаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, санаи 24 апрели соли 2024 дар МТМУ №31-и шаҳри Ҳисор бо сокинону фаъолони деҳоти Алмосӣ мужда расонид, ки тасмим гирифтааст бо фарзандонаш дар ҳудуди замини шахсиаш, воқеъ дар деҳаи Тутака, барои фарзандони диёраш мактаби ибтидоӣ бунёд …

ҲОҶӢ АСАДУЛЛОИ 85-СОЛА ДАР ДЕҲАИ ТУТАКА МАКТАБ МЕСОЗАД Read More »

ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОНИ ЧИНӢ ДАР ҚАЛЪАИ ҲИСОР

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Сун Вайдун ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор боздид намуданд. Дар регистони Қалъаи Ҳисор меҳмононро муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, меҳмононро сокинони шаҳр тибқи таомули …

ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОНИ ЧИНӢ ДАР ҚАЛЪАИ ҲИСОР Read More »