Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: February 2025

МАЪРАКАИ МУОИНАИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

28 феврали соли равон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор маъракаи муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба “Хати тайёр” баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ раисону механизаторони хоҷагиҳои кишоварзӣ, намояндагони КВД “Тоҷикагролизинг”, ҶСП “Агротехсервис” ва хоҷагиҳои деҳқонии …

МАЪРАКАИ МУОИНАИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

БОЗДИДИ НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ УЧАСТКАВУ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

27 феврали соли равон ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Ҷумҳурии Беларусро намояндагӣ мекарданд, бо роҳбарии муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Анфимов Леонид Василевич ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисори бостон хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, меҳмононро тибқи таомули аҷдодӣ бо …

БОЗДИДИ НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ УЧАСТКАВУ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МАШВАРАТ ДАР ҲОШИЯИ МАКТУБИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ХУДКУШӢ

24 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ҷаласаи машварати назоратии раиси шаҳр баргузор гардид. Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо Қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин гардидани Аҳтамзода Иброҳим ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини …

МАШВАРАТ ДАР ҲОШИЯИ МАКТУБИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ХУДКУШӢ Read More »

НОСИРЗОДА ҶАББОР АЗ ХОНАДОНИ ПАДАРИ АФСАРИ ШАҲИД ХАБАР ГИРИФТ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 32-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, дар деҳаи Баракат бо рӯзгори хонадони афсари шаҳид, подполковник Рустам Убайдуллоев, ки ҳангоми адои вазифаи хидматӣ, дар муноқишаҳои сарҳадӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, …

НОСИРЗОДА ҶАББОР АЗ ХОНАДОНИ ПАДАРИ АФСАРИ ШАҲИД ХАБАР ГИРИФТ Read More »

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ! САЙЁҲАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИЁНИ ҶАВОН ВА САРБОЗОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ ҲИСОР

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихор 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати ҳизбиёни ҷавон, сарбозони Ватан ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор пазироӣ намуда, аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри …

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ! САЙЁҲАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИЁНИ ҶАВОН ВА САРБОЗОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА ТУҲФАИ РАИСИ ШАҲР БА САРҲАДБОНОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста мешавад. 22 феврали соли равон муовини раиси шаҳр Нурализода Хайриддин ба қисми ҳарбии “0124”-и Қӯшунҳои сарҳадии, КДАМ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор …

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА ТУҲФАИ РАИСИ ШАҲР БА САРҲАДБОНОН Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

21 феврали соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори 32-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳр чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Пас аз гузориши низомии комиссари ҳарбӣ, бо …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

НИГАРОНИИ НОСИРЗОДА ҶАББОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲИ ҶАМОАТҲО ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ

Сафари навбатии кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳр дар самти самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, ки аз дирӯз оғоз ёфта буд, субҳи имрӯз, 20 феврал дар Ҷамоати деҳоти Дурбат идома ёфт. Нахуст, раиси шаҳр бо буриш ва башаклдарории дарахтон дар боғҳои мева, …

НИГАРОНИИ НОСИРЗОДА ҶАББОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲИ ҶАМОАТҲО ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ Read More »

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ НАВОБОД

Бо мақсади боздид аз корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, вусъати корҳои баҳории кишоварзӣ, ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, бахусус пахта ва картошка иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, мутахассисони Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои дахлдор, 19 феврали соли равон ба Ҷамоати деҳоти Навобод ташриф оварданд. Раиси …

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ НАВОБОД Read More »

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР

18 феврал таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ҷаласаи навбатии Ситод оид ба корҳои кишоварзӣ дар шаҳр, баргузор гардид. Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо фармоиши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раиси шаҳри Ҳисор таъйин гардидани Аҳтамзода Иброҳим ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳр …

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР Read More »