Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: March 2025

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ҲИСОР

28 марти соли 2025 дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор таҳти раёсати прокурори шаҳр, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи як Раҳмон Умедҷон Нуридин ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо ҳузури аъзои Шӯро, роҳбарияту кормандони прокуратураи шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи КДАМ дар шаҳр, мудирони …

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ ВА ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

28 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун, Рашт, Лахш, Сангвор, Нуробод, ва Тоҷикобод оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи …

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ ВА ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ Read More »

ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дастгирии ҶДММ “Металинвест” ба 17 нафар маъюбоне, ки барои дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат карда буданд, аробачаҳои маъюбӣ, роҳгардакҳо дастрас карда шуд. Аробачаҳо ва як миқдор маводи хӯрокаи ниёзи аввалро раиси шаҳр бо иштироки намояндаи Ҷамъият ба соҳибонашон-сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон, …

ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР Read More »

КӮМАКИ РАИСИ ШАҲР БА ОБОДКОРОН

Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он кӯмак расонидан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иду айём махсус таъкид шудааст, дар арафаи иди Сайиди Фитр кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоҷагии хизмати манзилию коммуналӣ ва сохтмон ва Минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтақсимкунӣ …

КӮМАКИ РАИСИ ШАҲР БА ОБОДКОРОН Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ СОХТМОН ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Нимаи дуюми рӯзи 26 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҳисор бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии умҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Раиси шаҳрро дар сафар муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони зергурӯҳҳои кории МИҲД-и шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ СОХТМОН ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ Read More »

БОБОСУРХОН: 2,5 КИЛОМЕТР РОҲИ ДЕҲА АСФАЛТПӮШ МЕГАРДАД

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии роҳи деҳаи Бобосурхон иштирок намуд. Дар қитъаи роҳе, ки мумфарш мегардад, раиси шаҳр бо пиру барнои деҳа суҳбат ороста, мардумро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт. Носирзода Ҷаббор иқдоми сокинони деҳаи дурдасти Бобосурхонро ибратомӯзу ватандӯстона маънидод карда, …

БОБОСУРХОН: 2,5 КИЛОМЕТР РОҲИ ДЕҲА АСФАЛТПӮШ МЕГАРДАД Read More »

ШОМИ ДӮСТӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷашнҳои умумимиллии ду халқи ба ҳам дӯст бо саҳми президентони ҳарду кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. 21 марти соли равон, ҳайати меҳмонони ӯзбек аз ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвари мо ҳузур доштанд, дар чорабинии Наврӯзии сокинони шаҳри Ҳисор иштирок карда, ҳамзамон, аз мавзеҳои …

ШОМИ ДӮСТӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Read More »

ТАНТАНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҲИСОРИ ШОДМОН

Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли равон ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар “Амфитеатр”-и Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, ба …

ТАНТАНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҲИСОРИ ШОДМОН Read More »

ПЕШВОЗГИРИИ МЕҲМОНОН ВА ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ НАВРӮЗИИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР

21 марти соли 2025 майдони Регистони Қалъаи таърихии Ҳисор барои истиқболи меҳмонон – намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври идона оро ёфта буд. Дар даромадгоҳи Регистон меҳмононро роҳбарияти шаҳр, инчунин, карнаю сурнайнавозон, духтарони чаканпӯш тибқи таомули аҷдодӣ бо карнаю сурнай ва нону ширинӣ истиқбол гирифта, ба шаҳри …

ПЕШВОЗГИРИИ МЕҲМОНОН ВА ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ НАВРӮЗИИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БО ДУ МАЙДОНЧА БАРОИ БОЗИИ ФУТБОЛ

21 марти соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар деҳаи Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомон толори варзишӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Толори варзишӣ аз ду майдончаи футбол барои писарон ва …

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БО ДУ МАЙДОНЧА БАРОИ БОЗИИ ФУТБОЛ Read More »