Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Author name: Вебсайт

СЕМИНАРИ ИЛМӢ – АМАЛИИ МИНТАҚАВИИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР, ГУЗОРИШ АЗ ҚИСМИ АМАЛӢ

Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 ноябри соли 2025, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон дар шаҳри Ҳисор семинари илмӣ-амалии минтақавии кишоварзон дар мавзӯи “Роҳҳои таъмини сифати шудгор, татбиқи технологияҳо ва вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар, ҳамчунин раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода …

СЕМИНАРИ ИЛМӢ – АМАЛИИ МИНТАҚАВИИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР, ГУЗОРИШ АЗ ҚИСМИ АМАЛӢ Read More »

ДАР ДЕҲАИ ҶАЛОЛОБОД СОХТМОНИ МАКТАБИ НАВ БО 20 СИНФХОНА ОҒОЗ ГАРДИД

12 ноябри соли 2025 дар деҳаи Ҷалолобод, Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор сохтмони бинои нави дуошёна дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бо 18 синфхона, барои 860 нафар хонанда дар ду баст, оғоз гардид. Муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамкории аҳолӣ …

ДАР ДЕҲАИ ҶАЛОЛОБОД СОХТМОНИ МАКТАБИ НАВ БО 20 СИНФХОНА ОҒОЗ ГАРДИД Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ

Имрӯз, 11 ноябр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, бо ҳолати омодагии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоат ба мавсими зимистон шинос гардид. Дар деҳаи Чангоб бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳе, ки ҷамоатро ба якчанд деҳаҳои дурдасту кӯҳдоман, аз ҷумла Нилу, …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ Read More »

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Нимаи дуюми рӯзи якшанбе – 9 ноябр, раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон дар доираи сафар ба ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва шаҳраки Шарора, бо рафти чиниши пахта дар саҳрои ҶДММ “Абдурауф Юсуфов” ва ХИ “Зироаткор”-и Академияи Илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон шинос гардид. Дар сари замини пахтазор бо роҳбарони хоҷагиҳои мазкур суҳбат карда, барои ҷалби …

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА Read More »

СОКИНОНИ СУРХАКЧАШМАИ ДЕҲОТИ МИРЗО РИЗО БА МУМФАРШКУНИИ КӮЧАҲО ОҒОЗ НАМУДАНД

Имрӯз, якшанбе раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар маъракаи мумфаршкунии роҳҳои дохилии деҳаи Сурхакчашмаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо иштирок намуд. Раиси шаҳр ба иқдоми ҳашарчиён ҳамраъйӣ карда, бо дуову ҳамдастии пирони кор якчанд ҳиссаҳои асфалтро ба роҳ пошид ва ба роҳсозон дар идомаи корҳо барору муваффақият орзу намуд. …

СОКИНОНИ СУРХАКЧАШМАИ ДЕҲОТИ МИРЗО РИЗО БА МУМФАРШКУНИИ КӮЧАҲО ОҒОЗ НАМУДАНД Read More »

ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МАЪРАКАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДЕҲАИ ГАЧАК

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлолият роҳҳои мақаллӣ таъмиру тармим ва мумфарш мегарданд. Субҳи 9 ноябри соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонии деҳот ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои …

ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МАЪРАКАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДЕҲАИ ГАЧАК Read More »

ТАЪМИРИ РОҲИ ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТИ ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ОҒОЗ ГАРДИД.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаҳои Нилу, Тахт, Искич, Кӯшкаки Мазор, Рағоба, Истонӣ, Турушбоғ, Якатут, Варгандок ва Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ тасмим гирифтанд роҳи асосии ҷамоатро, ки масофаи зиёда аз 12 километрро ташкил медиҳад, давра ба давра бо усули ҳашар таъмиру тармим ва мумфарш намоянд. Бо ҳамин мақсад корҳо алаккай оғоз …

ТАЪМИРИ РОҲИ ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТИ ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ОҒОЗ ГАРДИД. Read More »

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШВКД ДАР ШАҲРИ ҲИСОР БАЪД АЗ ТАЪМИР

7 ноябри соли равон бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, баъди пурра аз таъмир баровардан, ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи бино Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти шаҳр ва ҳайати шахсии шуъба иштирок намуданд. Зимни боздид аз шароити наву замонавии бино, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иброз намуд, …

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШВКД ДАР ШАҲРИ ҲИСОР БАЪД АЗ ТАЪМИР Read More »

НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҚОНУН ДАР АМАЛ

Аз 15 апрели соли 2025 ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти танзими истифодаи қувваи барқ тағйирот ворид шуда, ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва …

НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҚОНУН ДАР АМАЛ Read More »

МАҲАЛЛАИ РӮДАКИИ ШАҲРАКИ ҲИСОР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҲАЛЛА” ГАРДИД

Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз рӯи номинатсияҳои «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Беҳтарин деҳот», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибони …

МАҲАЛЛАИ РӮДАКИИ ШАҲРАКИ ҲИСОР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН МАҲАЛЛА” ГАРДИД Read More »