Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: October 2025

РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ДЕҲАИ ҲИСОР- МАЪРУФ БА ҚАЛЪАИ ҲИСОР МУМФАРШ МЕГАРДАД

29 октябри соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф овард ва дар оғози маъракаи мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ иштирок намуд. Дар маркази деҳа, ки пиру барнои деҳа ҷамъ омада буданд, раиси шаҳр суҳбат ороста, ба соҳибкорон ва аҳолии деҳа, барои дастгирии корҳои …

РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ДЕҲАИ ҲИСОР- МАЪРУФ БА ҚАЛЪАИ ҲИСОР МУМФАРШ МЕГАРДАД Read More »

РОҲИ ДЕҲАИ ДУРДАСТИ ЛОЙОБ МУМФАРШ МЕГАРДАД

Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо дастгирии соҳибкорону аҳолӣ роҳи деҳаи дурдасти Лойоби Ҷамоати деҳоти Алмосӣ мумфарш мегардад. Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба деҳоти Алмосӣ, дар деҳаи Лойоб аз роҳҳои мошингард дидан карда, бо иштироки пиру барнои …

РОҲИ ДЕҲАИ ДУРДАСТИ ЛОЙОБ МУМФАРШ МЕГАРДАД Read More »

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 27 октябри соли равон таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати навбатии назоратӣ баргузор гардид. Нахуст, раиси шаҳр аҳли маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ – интихоб гардидани Фирӯз Шералиев ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур, шинос намуд. Раиси шаҳр мудири бахши ҳифзи иҷтимоии …

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ҲАЁТҶОН ҲАМРОХОНОВ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ АВВАЛ ГАРДИД

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек, 21-22 октябри соли равон дар Озмуни IX байналмилалии “Романсиадаи Осиёи Марказӣ”, ки сарояндаҳои романсҳои русӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват шуда буданд, ҳунармандони ҷавони тоҷик бори аввал иштирок карданд ва овозхони ансамбли эстрадии “Шодмон”-и назди шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор Ҳаётҷон Ҳамрохонов дар байни 117 иштирокчӣ …

ҲАЁТҶОН ҲАМРОХОНОВ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ АВВАЛ ГАРДИД Read More »

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Кишоварзони шаҳри Ҳисор имсол дар майдони 741,3 гектар кишти чигит гузарониданд ва ният доранд аз ҳар гектар, ба ҳисоби миёна 23,6 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” ва “Латиф Муродов” ба марра баромада, то имрӯз аз ҳар гектар то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Чиниши пахта дар хоҷагиҳо бо …

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА Read More »

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ: НАТИҶАҲОИ РУШД ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025

20 октябри соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, баргузор гардид. Тибқи рӯзнома, …

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ: НАТИҶАҲОИ РУШД ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025 Read More »

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БО СОҲИБКОРОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИАШОН

14 октябри соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор соҳибкорони муввафақи шаҳрро ба ҳузур пазируфт ва ба муносибати иди касбиашон-Рӯзи соҳибкорон табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки ба таъмин намудани рушди устувор ва вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар …

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БО СОҲИБКОРОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИАШОН Read More »

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ПЕШҚАДАМОНИ ИСТЕҲСОЛОТРО ҚАДРШИНОСӢ НАМУД

13 октябр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф овард ва ба ифтихори пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи ҷамъоварии пахта, дар бошишгоҳи саҳроии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ …

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ПЕШҚАДАМОНИ ИСТЕҲСОЛОТРО ҚАДРШИНОСӢ НАМУД Read More »

КӮМАКИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ПАХТАКОРОН

Субҳи дирӯз ва имрӯз, 12 октябри соли равон сокинони шаҳри Ҳисор, хоса кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили “тиллои сафед” ба кӯмаки пахтакорон рафтанд ва дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии “Ҳайдар Миров”, “Латиф Муродов”, “50-солагии Октябр”, “Раҳмонҷон”, …

КӮМАКИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ПАХТАКОРОН Read More »

РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ПУРШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД..

Шоми дирӯз, 3 октябр дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода паёми табрикии раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷабборро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ироа карда, иштирокчиёни чорабиниро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Сипас, …

РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ПУРШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.. Read More »