Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: July 2025

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МАҶЛИСИ КИ ҲХДТ

31 июли соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси шаҳр аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷлиси …

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МАҶЛИСИ КИ ҲХДТ Read More »

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР НАМОЯНДАГОНИ ФФТ-РО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

31 июли соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ноибони Президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиевро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Раиси шаҳр бо намояндагони ФФТ оид ба масъалаҳои …

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР НАМОЯНДАГОНИ ФФТ-РО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ Read More »

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 30 июли соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо фаъолияти кишоварзони шаҳр аз наздик …

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ СОХТМОНИ ДУ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТӢ ДАР РУСТОИ БАРАКАТ

Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, 29 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, бо ҷараёни сохтмони бинои мактаби иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57, ба номи Рустами Убайдулло ва муассисаи хусусии таҳсилоти томактабӣ, ки ҳарду муассиса бо ташаббуси мақомоти …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ СОХТМОНИ ДУ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТӢ ДАР РУСТОИ БАРАКАТ Read More »

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ-НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

28 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ва дигар воҳидҳои сохтории давлатӣ ҷаласаи навбатии …

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ-НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР Read More »

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

26 июли соли равон бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойфии гулобӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳмияти ҷаҳонӣ семинари илиӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ …

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

25 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи Иҷлосияро иборат аз панҷ …

ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ Read More »

СИЛСИЛАҲАШАРҲО ДАР МАВЗЕҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ҲИСОР

Бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Ҳисор, бо мақсади ободониву поккорӣ дар хатсайри сайёҳону меҳмононе, ки ба шаҳр ташриф меоранд, хоса шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ва самти осоишгоҳҳои воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ – “Шоҳамбарӣ”, “Сатурн”, Сангчашма” ва ғайра сокинони шаҳр рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён дар минтақаҳои вобасташуда корҳои зиёди ободониро ба субут расониданд ва …

СИЛСИЛАҲАШАРҲО ДАР МАВЗЕҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ҲИСОР

19 июли соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар рӯзи қабул 20 нафар сокинони шаҳрро ба ҳузур пазируфта, арзашонро пурсид. Муроҷиати шаҳрвандон бештар масъалаи дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоиро дар бар мегирифт ва масъулонро раиси шаҳр барои баррасии саривақтии мушкилоти мардум вазифадор намуд.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР ДАР ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

16 июли соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ қарор …

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР ДАР ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 Read More »